Аз «Бомба» ба «Бомаззахӯрак». Ҳақиқат дар Бораи Фуд-блогерони Тоҷик
Дар подкаст бисёр саволҳоро муҳокима кардем. Аз ҷумла, обуначиёнаш бисёр менависанд, ки Баҳодурро тарабхонаҳо харидагӣ ҳастанд ва вай фақат таомҳои онҳоро таъриф мекунад. Баҳодур мегӯяд, ки вай соҳибкор аст ва тиҷорати худро дорад, бинобар ин харидани фикри ӯ осон нест. Ӯ аввал хӯрокро чашида, баъд ба дигарон тавсия медиҳад.
Баҳодурро тарабхонаҳо ва ошхонаҳо бисёр вақт барои дегустатсия таклиф мекунанд. Махсусан барои ӯ таомҳои боллазат мепазанд ва агар хӯрок бемазза бошад, ӯ ба роҳбарият мегӯяд, ки хӯроки шумо ба ман писанд нест. Баъди обзорҳои Баҳодур ба тарабхонаҳо ва ошхонаҳо мизоҷон бисёр омаданро сар мекунанд. Як вақте мешавад, ки кормандони тарабхонаҳо ба ҳама мизоҷон сари вақт хизматрасонӣ расондан наметавонанд. Бинобар ин, сатҳи хизматрасонӣ ва маззаи таомҳо баъди обзорҳои ӯ паст мешаванд.